GGDROP

Jonibek Murodov & Yulduz Turdiyeva – Azizi dilam

[Jonibek]:
Дил зи дарди бекасӣ овора мемирад
То ба додаш мерасид, бечора мемирад
Лаҳзаи дил вопасин сад пора мемирад
Аз куҷо ранҷи дили бемор медони

[Yulduz]:
Кори дунё оқибат, ҷоно пушаймонӣст
Нархи ганҷи бебаҳо аз роҳи арзонӣст
Аз ҳама бо, валекин қадри инсонӣст
Дар канорам пас бигу, эй ёр бимони

[Jonibek]: Аз тамоми мардуми дунё - ту болоӣ!
[Yulduz]: Дар баҳори чашми ман - як шоми зебоӣ!

~~~ припев | chorus [Jonibek+Yulduz] ~~~:
Азизи дилам, бе ту, бе ту ҳама зулмонӣ
Азизи дилам, бе ту, бе ту ҳама вайронӣ
Азизи дилам, бигу, бигу, ҳоло мемони
Азизи дилам, азизи дилам
[2x]
~~~~~~~~~~~~~~~

[Jonibek]:
Шӯри ишқат дар вуҷуди ман намемирад ҳеҷ, ҳеҷ!
Сози ишқат дар суруди ман намемирад ҳеҷ, ҳеҷ!
Ин садоро аз буруям кас нагирад ҳеҷ, ҳеҷ!
Дар сурудам то абад такрор мемони!

Рекомендуем:  Ирина Билык - Лёня, Леонид

[Yulduz]:
Дар паноҳи ҳукму хорум пас намонад ҳеҷ, ҳеҷ!
Дар миёни нокасӣ ҳам кас намонад ҳеҷ, ҳеҷ!
Дар сукути лаҳзаи пас намонад ҳеҷ, ҳеҷ!
Мисли атри тоза барги гулзор мемони

[Yulduz]: Аз тамоми мардуми дунё - ту болоӣ!
[Jonibek]: Дар баҳори чашми ман - як шоми зебоӣ!

припев | chorus [Jonibek+Yulduz] [2x]

[Jonibek]: Аз тамоми мардуми дунё - ту болоӣ!
[Yulduz]: Дар баҳори чашми ман - як шоми зебоӣ!

припев | chorus [Jonibek+Yulduz] [2x]

Поделиться с друзьями
MP3LYRICS
Добавить комментарий